Баррасии маълумоти оморӣ дар ситоди ҷумҳуриявӣ

Ноябрь 24, 2014 11:15

Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Қосим Роҳбар оид ба ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳии зироатҳо Ситоди ҷумҳуриявии навбатӣ доир гардид. 
Қосим Роҳбар намояндагони гурӯҳҳои кориро, ки ҳафтаи сипаригардида ба мақсади назорати ҷамъоварии ҳосили пахта, шудгор ва кишти тирамоҳӣ, ҳамзамон расонидани кумаки амаливу методӣ ба кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сафари корӣ анҷом доданд, пурсон шуд.
Зикр шуд, ки кишоварзони ҷумҳурӣ дар ҷамъоварии  ҳосили пахта,  шудгор ва кишти тирамоҳӣ новоста аз номусоид омадани ҳавои имсола  корҳои муайянро  анҷом додаанд. Вазири кишоварзӣ ҳайати гурӯҳи кориро вазифадор намуд, ки  оид ба сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахта, ки ҳанӯз дар саҳро зиёд аст ва ворид намудани он ба маълумотҳои оморӣ  корҳои амалиро ба анҷом расонанд. 

Ноябрь 24, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад