Баррасии масоили рушди устувори иқтисодӣ
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори раёсати илм ва факултаи ҳисобдорӣ ва омори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Рушди устувори иқтисодӣ: масоили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар он муовини ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашуров зикр намуд, ки дар шароити кунунӣ тараққиёти иқтисодӣ зарурати такмилу рушди соҳаҳои мухталифи илмиро ба вуҷуд овардааст. Яке аз соҳаҳои муҳим-ин рушди масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор мебошад, ки ба ҳамдигар алоқаи зич доранд. Ҳамоиши имрӯза дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзидаи соҳа аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии омори назди Президенти ҶТ ва олимон аз мактабҳои олии кишвар баргузор мегардад ва маҳз масъалаҳои рушд ва муаммоҳои ин самти иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар назар аст, ки баъди хулосабарорӣ ва ҷамъбаст иштирокдорон ба муассисаву ташкилотҳои дахлдор пешниҳодҳои илман асоснок мекунанд, илова намуд Ғ.Ашуров.
Дар маърӯзаҳои иштирокдорон гуфта шуд, ки мукаммал гардондани Қонуни ҶТ «Дар бораи омори давлатӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шаклҳои ҳисоботӣ, гузариш ба таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тартиб додани барномаҳои нави компютерӣ барои коркарди маълумоти оморӣ ва бо мақсади рушди соҳаи омори ҷумҳурӣ бо роҳҳои омӯзиш ва табодули таҷриба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳа аз масъалаҳои асосии соҳаи омор буда, татбиқи онҳо омили асосии рушди соҳа мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






