Баррасии муаммоҳои муосири информатика
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Рушди технологияҳои компютерӣ ба ҷомеа имконияти гузариш ба масъалаҳои иттилоъкунонии глобалиро фароҳам овард, ки ба равандҳои рушди ҳамгироӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла дар самти илм, фарҳанг, саноат, идоракунӣ ва ғайраҳо алоқаманд аст. Маҳз ҳамин масъала дар мизи мудаввари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири информатика ва технологияҳои информатсионӣ», ки бо ибтикори раёсати илм ва кафедраи информатикаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, рӯзи 20 ноябри соли равон доир гардид, мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева дар конфронс муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров зикр намуд, ки информатизатсиякунонии ҷомеа ин раванди иҷтимоии глобалӣ буда, дорои хусусиятҳои бартаридоштаи намудҳои фаъолият дар самти истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад, ки масъалаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, интиқол ва ба маҳсулот табдилдиҳии иттилоотро дар асоси воситаҳои муосири техникаи ҳисоббарорӣ дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш мудири кафедраи технологияҳои информатсионӣ ва автоматизатсиякунонии МИСИС Маҳмадюсуфи Юнусӣ дар мавзӯи «Нақши моделсозии математикӣ дар сохтани технологияҳои нав, иншоотҳо ва масъалаҳои иқтисодӣ» ва Исо Саидов, устоди кафедраи информатика дар мавзӯи «Муаммоҳои автоматикунонии системаҳои информатсионӣ» бо слайд баромад намуда, мавзӯи баррасишавандаро мукаммал матраҳ сохтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






