Бартариятҳои Сарқонуни Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2014 11:14

Душанбе, 3.11.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Тоҷикистон дар масири таърих панҷ маротиба солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 чун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва 6 ноябри соли 1994 ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар раъйпурсии умумихалқӣ Сарқонуни худро қабул карда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо дароварда шуд. Сарқонуни имрӯзаи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. «Якум, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 1994 бе ягон мувофиқат ё дахолати дигар давлат, мустақилона аз тарафи халқ барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ва бо ба назаргирии дурнамои давлат қабул шуд, аммо чор Сарқонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ба назаргирии нуктаҳои Сарқонуни ИҶШС (СССР) қабул шуда буд.Дуюм, ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи моддаи 5-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ ва тибқи моддаи 14 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои давлат ва дар шахсияти давлат тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ибтидои фаъолият ва муайянкунанда эълон шудааст, ки ин гуфта ҳосили ҳуқуқи фитрӣ аст. Яъне, мувофиқи Сарқонуни имрӯза ҳуқуқи фитрӣ нисбат ба ҳуқуқи меъёрии позитивӣ афзалият пайдо кардааст, ки ин қисми таркибии фалсафаи ҳуқуқ аст. Аммо мувофиқи Сарқонуни даврони Шӯравӣ афзалият на ба ҳуқуқи фитрӣ, балки ба позитивӣ дода мешуд. Ҳуқуқҳои инсон «туҳфа»-и давлат буда, ҳар вақт мехост маҳдуд мекард.Сеюм, Сарқонуни даврони Шӯравӣ гуногунандешии сиёсиро манъ карда буд. Мафкураи гуногунро, ки хилофи мафкураи иттиҳоди Шӯравӣ буд, маҳдуд мекарданд. Сензураи давлатӣ ба таври (максималӣ) ҳадди ниҳоӣ ба роҳ монда мешуд. Имрӯз моддаи 8-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунфикриро кафолат додааст. Ягон мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад.Чорум, дар асоси талаботи моддаи 27-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат оид ба иштироки шаҳрванд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, атеистӣ ва ғайраро муайян кардааст. Дар моддаи 6-и Сарқонуни даврони Шӯравӣ Ҳизби коммунистӣ ҳамчун ҳизби идоракунанда мустаҳкам шуда буд. Ғайр аз ҳизби коммунистӣ амали дигар ҳизбҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ манъ шуда буд. Ҳизби коммунистӣ тамоми сохторҳои сиёсӣ ва шаҳрвандиро тобеи худ карда, чи хеле ки мехост, ҳамон хел аҳолиро идора мекард. Инсон дар ихтиёри худ набуд.Панҷум, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ риоя намешуд. Мувофиқи моддаи 9-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.Шашум, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ моликият ҷамъиятӣ буд ва ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ манъ шуда буд. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта мешуд. Лекин имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ раванди декримилизатсиониро аз сар гузаронида, имрӯз ҳамчун фаъолияти аз тарафи давлат ҳавасманд ба он кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 12-уми Сарқонуни даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода шудааст.Дар Сарқонуни амалкунанда тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Аз ҷумла, садоқат ба ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва шоистаи шаҳрвандон, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии дигар давлатҳои ҷаҳон принсипҳое мебошанд, ки бо иродаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар Сарқонун таҷассум ёфтаанд.Сарқонуне, ки 20-сол муқаддам мардуми Тоҷикистон барои худ ва наслҳои оянда қабул кард, бешубҳа ба хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такя мекунад. Ҷавҳари фалсафии Сарқонун аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми афроди башар сарчашма мегирад.

Ноябрь 3, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад