Беҳтарин нозири андоз муайян шуд
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори Рӯзи парчам 25 ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи андоз ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин нозири андоз» гузаронида шуд, ки дар он ҳамаи донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ иштироки фаъолона доштанд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева дар озмун декани факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Хуршед Давлатов гуфт, ки ҳадаф аз баргузории озмуни имрӯза дарёфти истеъдодҳо ва ба самти илм ҷалб намудани донишҷӯён мебошад.
Ба ширкаткунандагони озмун 30 савол доир ба Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аксаран ҷавобҳои саҳеҳу мушаххас доданд.
Дар хотима озмун ҷамъбаст ва аъзои дастаи «Андозситони ҷавон» — донишҷӯёни курси 3 сазовори ҷои якум, аъзои дастаи «Нозирони андози зодаи истиқлол» — донишҷӯёни курси 4 соҳиби ҷои дуюм ва аъзои дастаи «Бачаҳои иқтисоддон» — донишҷӯёни курси 2 ихтисоси андоз ва андозбандӣ сазовори ҷои сеюм гардида, бо Ифтихорнома мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






