Беш аз 62 миллион тонна бор интиқол дода шуд
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳамаи намуди нақлиёти Тоҷикистон беш аз 62,2 миллион тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 3 фоиз зиёд аст. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар давраи зикршуда тавассути нақлиёти рӯизаминӣ 99 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии кишвар интиқол ёфтааст. Дар ҳамин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 56,8 миллион тонна бор интиқол ёфта, ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 3,5 фоиз азиёд шудааст.
Тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5,4 миллион тонна бор интиқол ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 –ум 97,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, 91,3 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ дар кишвар ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






