Бинои нави шуъбаи маориф дар Шуғнон
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Чанде пеш бо иштироки Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳраки навбунёди Ваҳдат — маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия ифтитоҳ гардид. Мувофиқи маълумоти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хуҷаназар Холиқназаров барои бунёди ин иншоот аз тарафи Дирексияи сохмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардида, сохтмони он аз ҷониби ҶДММ «Нақлиёти барқсоз» сурат гирифт.
Бино дуошёна буда, дорои 11 утоқи корӣ ва толори маҷлисии бо тамоми асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Раиси вилоят иброз дошт, ки бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҳамасола аз ҷониби давлат маблағгузорӣ шуда, бозгӯи ғамхориҳои беназири Ҳукумати кишвар нисбат ба ин соҳаи муҳим аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






