Боздиди Қ. Расулзода аз дастовардҳои олимони АИТ
Душанбе, 04.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо дастовардҳои навтарини олимони тоҷик дар пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон шинос шуд. Олимони Институти физикаву техникаи Академияи илмҳо дастгоҳи барқӣ-офтобиро, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза асту тайи 3-4 соли охир дар истеҳсолот ҷорӣ мебошад, ба маърази намоиш гузоштанд. Дастгоҳи барқӣ-офтобӣ, ки ба шароити Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст, бо ворид намудани қисмҳои ин дастгоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол мешавад. Сарвазири мамлакат зимни боздиди худ аз Институти илмӣ-тадқиқотӣ ба фаъолияти Маркази омўзишӣ оид ба бехатарии радиатсионии Агентии амният ва ядроӣ ва радиатсионии академияи илмҳо ифтитоҳ бахшида, ба вазъи озмоишгоҳи пажўҳишгоҳҳои илмӣ низ шинос шуда, таъкид дошт, ки имрўз нақши илм барои пешбурди истеҳсолот хеле муассир мебошад. Тоҷикистон, ки аз нигоҳи захираҳои табиӣ бой аст, бояд олимон дар ин самт пешниҳодҳои худро ироа намоянд. Тибқи он барои фаъол намудани бахши истеҳсолоти мамлакат нақшаи чорабиниҳо ташкил мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






