Боздиди Эрмек Сарибаев аз ДДОТ
Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Чанде пеш Консули Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрмек Сарибаев ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Розия Абдуллоева ва донишҷӯёни Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрд.
Тавре ки аз ДДОТ иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи квотаи байнидавлатӣ дар донишгоҳ 7 нафар шаҳрванди Қирғизистон дар зинаи бакалавр ва 1 нафар дар риштаи магистратура таҳсил мекунад. Онҳо вазифадоранд, ки бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ донишгоҳро ба итмом расонанд ва ба ватану халқи худ хизмат намоянд. Р.Абдуллоева таъкид дошт, ки донишҷӯёни қирғизистонӣ низ бояд дар баробари муҳассилин аз Ҷумҳурии Туркманистон дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзанд.
Э.Сарибаев аз муҳассилин тақозо намуд, ки аз имкониятҳои мусоид самаранок истифода баранд. Дар вохӯрӣ, ҳамчунин як силсила масъалаҳои дигар, ба монанди бақайдгирии шиносномаҳои донишҷӯён, давомоти онҳо дар дарсҳо, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






