Боздиди Президент аз бузургтарин маҷмааи тиббӣ
Душанбе, 4.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба маҳаллаи 46-и пойтахт ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи бисёрсоҳавӣ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев шинос гардид. Сарвари давлат зимни вохӯрӣш бо сохтмончиён ва мутахассисон ба меҳнати шабонарӯзии онҳо баҳои баланд дода, барояшон саломатӣ ва комёбиҳо таманно кард. Ҳамзамон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти мазкур ба роҳбарону масъулини соҳа ва шаҳрдорӣ дастурҳои мушаххас дод.
Бояд тазаккур дод, ки беморхонаи бисёрсоҳавӣ барои 650 кат бо қабули 800 нафар дар як баст аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд гардида, фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад. Пудратчии ин маҷмааи бузурги тиббӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикколхозсохтмон» буда, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2013 оғоз гардидаанд. Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар масоҳати умумии 11 гектар доман густурда, масоҳати умумии биноҳои беморхона 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои асосии беморхона аз 3 то 9 ошёна буда, дорои шуъбаҳои гуногун- шуъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида мешавад.
Усмон Раҷабов-директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки беморхонаи бисёрсоҳавӣ калонтарин маҷмааи тиббӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, дар бунёди он се ҳазор сохтмончӣ ва мутахассиси маҳаллӣ саҳм гузоштааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани комплекси тиббии мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ 500 мутахассиси дараҷаи олӣ, тақрибан беш аз 700 мутахассиси миёна ва 1000 нафар мутахассиси ёрирасону техникӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






