Боздиди Валерий Бондаренко аз ДДХ
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко имрӯз ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омада, бо ректори ин боргоҳи маърифат Анвар Мақсудов мулоқот намуд. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, Валерий Бондаренко аз таассуроти неки хеш роҷеъ ба мардум ва миллати тоҷик, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе изҳор намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки дар як муддати кӯтоҳ симои кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, он зина ба зина рушд дорад.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуда, изҳор дошт, ки тавассути ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дуҷониба, хусусан байни донишгоҳҳои Федератсияи Русия лоиҳаҳои ҷадиди судовар амалӣ мешаванд. Боиси хурсандист, ки Тоҷикистон бо Русия равобитаи дӯстонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Валерий Бондаренко гуфт, ки минбаъд миёни донишгоҳҳои гуногуни Русия ҳамкории пурсамарро ба роҳ хоҳад монд. Консули генералӣ омодагии хешро доир ба дастгирии лоиҳаву пешниҳодҳои мукаммал изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия якчанд фонд барои омӯзиши забони русӣ ва дастгирии он таъсис шуда, дафтари намояндагии «Россотрудничество» дар Душанбе фаъол аст.
Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ факултаи филология амал мекунад, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорони забони русӣ нақши муассир дорад. Дар заминаи ин факулта метавон курсҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монд. Ҳамчунин барои донишҷӯёни омӯзандаи забонҳои форсӣ-тоҷикӣ дар донишгоҳ имкониятҳои фаровон вуҷуд доранд. Роҳбарияти донишгоҳ омода аст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо дар моҳҳои апрел-май нишасти васеи ректорони донишгоҳҳои Русияро барпо намояд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






