Боздошти қӯруқшиканон бо 500 кг моҳӣ

Ноябрь 14, 2014 10:45

 

Қайроққум, 14.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов иттилоъ дод,  дирӯз зимни гузаронидани  чорабинии ҳуқуқӣ аз тарафи кормандони шуъбаи милисияи экологии вилоят як ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ, яъне риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот ва моҳигирӣ ошкор шуд. Ба гуфти манбаъ зимни чорабинӣ  ду  сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом Мирасрор Абдуллоев ва Замир Раҳимов дар  мавзеи обанбори  шаҳри Қайроққум  худсарона бе иҷозатномаи мақомоти дахлдор ҳангоми сайди моҳӣ бо мақсади манфиати молӣ боздошт шуданд. 
Ҳангоми боздошт аз қӯруқшиканон ба миқдори умумии 475 кг намудҳои гуногуни моҳӣ мусодира шуданд, ки  зарари умумии  он 6 000 сомониро  ташкил дод. Аз рӯи далели мазкур  нисбат ба қонуншиканон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.  

 

Ноябрь 14, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад