Боздошти қочоқбарони фаромиллӣ

Ноябрь 21, 2014 11:53

Хоруғ, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Аз маркази матбуоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ки кормандони ин раёсат дар ҳамкорӣ бо марзбонон ва дастгирии аҳолӣ боз як масири қочоқи маводи мухаддир аз самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бастанд. 
Ин гурӯҳи қочоқбарони фаромиллии маводи мухаддир дар ҳайати сокинони деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон ва Бунии ноҳияи Шуғнон Сабзалиев Ношинос Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1977, инчунин Қубодбеков Қубодбек Шомуродхонович, соли таваллудаш 1958 ва Саидназаров Фез Олимназарович, соли таваллудаш 1979 тибқи маслиҳати қаблӣ  бо нашъаҷаллобони афғон мехостанд миқдори муайяни маводи  нашъаоварро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  интиқол диҳанд.
Ба ин мақсад онҳо рӯзи 16-уми октябри соли 2014  аз деҳаи Бунии ноҳияи Шуғнон тавассути телефони мобилӣ бо Насрулло ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи деҳаи Шидвуҷи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшон оид ба  интиқоли маводи мухаддир ба воситаи хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. 
Худи ҳамон рӯз, ҳангоми доду гирифти маводи мухаддир  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти вилоят боздошт шуданд, аммо  дар рафти задухурди мусаллаҳона қочоқчиёни афғон аз ҷои ҳодиса ба самти кишвари ҳамсоя фирор намуданд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ аз ҷои ҳодиса 1 килограмму 285 грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. 
Аз рӯйи ҳодисаи  мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома  дорад.
 
 

Ноябрь 21, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?