Боздошти нашъаҷаллобон дар миқёси ҷумҳурӣ
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар тайи чанд рӯзи охир аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд кӯшиши ғайриқонунии паҳнкунии маводи нашъаовар пешгирӣ шуд. Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯйӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ ба паҳнкунии маводи нашъадор ду донишҷӯи 20-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи молия ва иқтисод дастгир шуд. Ҳарду донишҷӯ зодаи ноҳияи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон -ноҳия Қумсангир мебошад. Дар вақти азназаргузаронӣ аз онҳо маводи нашъадори ҳашиш ёфт ва мусодира гардид. Амалиёти дигарро кормандони агентӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб гузарониданд, ки дар натиҷа нашъаҷаллоби 22 — солаи сокини шаҳри мазкурро бо маводи нашъаовари бангдона, ки вазни он қариб 1 кг-ро ташкил медод, дастгир карданд. Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур нисбат ба дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






