Боздошти собиқ сарвазири Португалия

Ноябрь 24, 2014 16:29

 

 Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-    Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си чанде қабл  собиқ сарвазири Португалия Жозе Сократешро  дар фурудгоҳи шаҳри Лиссабон кормандони прокуратураи генералӣ  боздошт намуданд. Ба гуфти роҳбари прокуратураи генералии кишвар собиқ сиёсатмадор дар саркашӣ аз пардохти андоз ва даст задан ба амалҳои коррупсионӣ муттаҳам мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки барои даст доштан дар ин амалҳои ношоям  қаблан 3 нафари дигар низ аз мансабдорон  боздошт гардиданд.
 
      Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Палатаи поёнии Парлумони Афғонистон қарордоди мақоми неруҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро ҷонибдорӣ намуд. Гуфта мешавад, ки ин ду санад бо ҷонибдории аксарияти вакилон ва раъйи мухолифи 5 узви парлумон ба тасвиб расид. Гуфтан ба маврид аст, ки қарордоди дуҷониба баъди он ҳукми амал мегирад, ки он аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Афғонистон тасдиқ  шавад.
 
    Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар Тунис интихоботи президентӣ баргузор гардид. Барои соҳиб шудан ба мансаби президенти ин мамлакат 20 нафар номзад пешбарӣ шудааст. Аммо муборизаи асосӣ миёни собиқ сарвазир Беҷӣ Қоид Ас-Себсӣ ва президенти муваққатии кишвар Мунсиф Марзуқӣ сурат гирифт. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои интихобот рӯзи 26-уми ноябри соли равон интишор хоҳанд шуд.
 
    Душанбе ,24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” як силсила аксҳо ва видеои ҷангиёни қазоқро  дар Сурия ҳамроҳ бо духтарони хурдсоли онҳо, ки  зоҳиран 12 -13 солаанд,  ҳангоми тамрин бо либосҳои низомӣ ва  савганди ҷиҳод дар роҳи Худо нашр кардааст.

 

Ноябрь 24, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд