Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Ӯзбекистон бо ҳафт медал
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон ҳафт медал ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни наврасон ба хотираи Устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.
Дар мусобиқа наздики 200 варзишгар аз шаш кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 14 медали тилло ғолиб шуд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил буд. Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон — Фирдавс Назаров (56 кг), Салмон Раҳмихудоев(66 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) — барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ гирифт.
Ин мусобиқа барои варзишгарони навраси тоҷик як давраи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё буд, ки он моҳи декабр дар Ҳонконг баргузор хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






