Бозхонд гардидани судя бо ҷурми порагирӣ
Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалол Исроилов-судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаън ва эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки 17 июли соли равон дар ҷараёни иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии ҷумҳурӣ Маҷлиси миллӣ барои ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани Ҷ. Исроилов ризоият дода буд.
Қазияи Ҷ. Исроилов бо ҷурми гирифтани 8 000 $ пора аз роҳбари хоҷагии деҳқонии «Саидшариф Шарифов»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳасанов М.А дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ -тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардид.
Ҳамзамон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Президенти кишвар ва қарори Маҷлиси миллӣ ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Маҳмадшоев бинобар вафоташ қатъ карда шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






