Бунёди 119 гармхона дар Ёвон
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Дар доираи сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ду гармхона ба истифода дода шуд. Гармхонаҳои ширкати чинии «Синзян Инхай» дар майдони 49 га бо сохтмони 196 адад гармхона ва сардхона бо нигоҳдории 1000 тонна маҳсулот ва коргоҳи бастабандии барвақтӣ пешбинӣ гардидааст. Алҳол 119 адад гармхона сохта шуда, дар 40 адад гармхона маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфур ва ғайра кишт мешавад.Ба ҳисоби миёна дар ҳар гармхона 40 тонна маҳсулот нигоҳдорӣ мешавад. Дар ширкати мазкур 200 адад ҷои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар гармхонаҳои ташкилнамудаи ҶДММ «Воҳиди Саид» ба маблағи 227 ҳазор сомонӣ дар майдони 2 га замин 4 адад гармхона сохта шудааст. Дар ин ҷо 30 нафар ба кор ҷалб гардида, дар як сол аз ҳар як гармхона 25 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






