Бунёди 170 иншоот ба бузургдошти Ҳамадонӣ

Ноябрь 27, 2014 10:57

Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Соли 2015 дар Тоҷикистон 700 — солагии шоир, олим ва мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ якҷо бо 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва бахшида ба соли «пойтахти фарҳангии ИДМ» эълон гаштани шаҳри Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.Ба иттилои роҳбари дафтари матбуотии шаҳрдории Кӯлоб С. Фаррухшо қарор аст, ки то замони таҷлили 700-солагии мутафаккири тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беш аз 170 иншооти таъйиноти мухталиф дар шаҳри Кӯлоб бунёд шавад. «147 иншоот аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардида, 24 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ эъмор мешавад. То ин муддат аллакай 63 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаанд»,- зикр кард С. Фаррухшо. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-олими бузурги фалсафа, илоҳиёт ва адиби ширинсухани форсу тоҷик соли 1314 ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Тошканд маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 асари ӯ гирдоварӣ шудааст.

Ноябрь 27, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад