Бунёди корхонаи истеҳсоли гипсокартон дар Ёвон
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои бунёдкориву ободонӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар намуд. Нахустин шуда Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони ҶДММ «Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал», ки истеҳсоли гипсокартонро ба роҳ мемонад, ташриф оварда, ба бунёди ин корхона санги асос гузошт. Ин корхона дар майдони 3,2 га бо иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор дона гипсокартон дар як шабонарӯз ба маблағи 17 млн. 753 ҳазор доллари ИМА барои 150 ҷои корӣ бо истифода аз захираҳои табиии маҳалӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин Сардори Давлат ба мавзеи сохтмони корхонаи навбунёд- ҶДММ «Джунг-ТСАЙ-Моҳир семент» ташриф оварда, санги асоси онро мегузорад. Ин корхона бо иқтидори истеҳсоли 1 млн. 200 тонна семент дар як сол дар майдони 12 га бо маблағи 110 млн. доллари амрикоӣ барои 850 ҷои кор бунёд мешавад.Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар моҳи декабри соли 2015 ва корхонаи истеҳсоли гипсокартон моҳи июни соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






