Бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси раёсати илм, кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 7 ноябри соли ҷорӣ дар донишкада дар мавзӯи «Шоири ориф ва мутафаккири шаҳир» мизи мудаввар доир гардид. Тавре ки аз донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар ҷамъомад муовини ректор оид ба илм, дотсент Ғиёсиддин Ашӯров дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккири бузурги форсу тоҷик маълумот дода, иброз дошт, ки ақоиди иҷтимоию сиёсии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хусусияти пешқадамона дошта, бартариятҳои асосҳои ақидаҳои баланди инсондӯстонаро дар бар мегиранд.Баъдан дар мавзӯи «Муҳаммади Нурбахш ва наҳзатҳои истиқлолхоҳӣ дар Хатлон», «Сифатҳои ҷавонмардӣ аз нигоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ», «Таъсири Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар густариши ислом ва адабиёти форсӣ дар Кашмир» маърӯзаҳо шунида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






