Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Парчам
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамзода). — Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев гуфт, ки парчаму парчамбардорӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ҳадафи баргузории чорабинӣ- ин пеш аз ҳама шиносоии ҷавонон бо анъана ва дастовардҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҳар як фард мебошад.
Сипас аз тарафи раёсати донишгоҳ донишҷӯёни болаёқат, ки дар ҷодаи илм ва таълиму тарбия фаъолияти пурсамар нишон додаанд, бо диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






