Чорводорӣ рушд меёбад

Ноябрь 26, 2014 10:22

Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳаи чорводорӣ ва сардорони лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-и Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таҳти роҳбарии вазир Қосим Роҳбар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Вазир таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари Давлат оид ба рушди соҳаи чорводорӣ дар доираи лоиҳаи мазкур чорвои зотӣ харидорӣ гардида, ба деҳаҳои калони аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои зерҳадаф, яъне Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ ва Фархор дастрас мешавад.Қосим Роҳбар диққати масъулинро ба масъалаҳои сифати чорвои харидоришаванда, таъмини шаффофияти тақсимоти онҳо ҷалб намуда, риояи қонунҳои амалкунандаро ҷиддан талаб намуд.

Ноябрь 26, 2014 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад