Д. Г. Юберро: Тоҷикистон дорои ду омили асосии ҷалби сармоя
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Бароям мояи шараф аст, ки имрӯз дар ин ҷо ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтор корти дипломатии худро, ки маро ҳамчун сафир дар Тоҷикистон ба қайд гирифтааст, соҳиб гаштам ва худро дар хонаи худ эҳсос мекунам», — гуфт сафири тозаинтихоби Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро 18 ноябр пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Вай афзуд, ки пас аз супоридани эътимодномаҳо ҷаноби Президент бо мо суҳбати тӯлонӣ доштанд, ки зимни он мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба амният ва рушди иқтисодӣ матраҳ гаштанд. Шоҳигарии Нидерландия ва Тоҷикистон тӯли солҳои зиёд аст, ки дар риштаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамкории хеле муассир доранд. «Аз нигоҳи мо иқтидор ва имконоти бузурги ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ низ мавҷуданд. Чунки Шоҳигарии Нидерланд дуюмин кишвари содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад», — тазаккур дод сафир.Дипломати нидерландӣ таъкид намуд, ки Шоҳигарии Нидерланд узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо аст ва зимни суҳбат ва табодули афкор ҷаноби Президент сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро дар риштаи амният ва рушди иқтисодӣ хеле баланд арзёбӣ кард. «Дар интиҳои изҳороти кӯтоҳи худ мехоҳам нуктаеро зикр намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ду омили асосии ҷалби сармояи хориҷӣ — ошкороии мардум ва мусоидии иқлим мебошад. Бо назардошти ин, талош хоҳем кард, ки доираҳои васеи соҳибкорон ва сайёҳонро ба ин ҷо ҷалб намоем ва шумо дар солҳои оянда шоҳиди сафарҳои зиёди соҳибкорон ва сайёҳон хоҳед гардид», — гуфт дар хотима Дриссер Генри Юберро.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






