Дар 10 моҳ зиёда аз 500 ҳазор тонна ангишт
Хуҷанд, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд танҳо дар моҳи октябр 66 530 тонна ангишт истихроҷ гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ситоди зимистонгузаронии мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ангиштканони Суғд 509,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 213,7 ҳазор тонна зиёд буда, вусъати афзоиш нисбат ба ҳамин давра ба 172,2% баробар мебошад.
Бо назардошти қиёс дар ҳамин давраи соли гузашта дар конҳои ангишти шимоли кишвар 295,8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд.
Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.
Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд.
Танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин ду коргоҳи истихроҷи ангишт 426 ҳазору 877 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






