Дар 10 моҳ зиёда аз 500 ҳазор тонна ангишт

Ноябрь 24, 2014 14:45

 
Хуҷанд, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд танҳо дар моҳи октябр 66 530 тонна ангишт истихроҷ гардид. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар»  аз ситоди зимистонгузаронии мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд,  дар маҷмӯъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ангиштканони Суғд 509,5  ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 213,7  ҳазор тонна зиёд буда, вусъати афзоиш нисбат ба ҳамин давра ба 172,2% баробар мебошад. 
Бо назардошти қиёс дар ҳамин давраи соли гузашта дар конҳои ангишти шимоли кишвар 295,8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд. 
Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. 
Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд. 
Танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин ду коргоҳи истихроҷи ангишт 426 ҳазору 877 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид.

 

Ноябрь 24, 2014 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад