Дар 172,5 ҳазор гектар ғалладона кишт мешавад
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Соли ҷорӣ дар майдони 605,6 ҳазор гектар шудгор ва дар майдони 185.1 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ дар майдони 86,1 ҳазор гектар шудгор ва дар 58,5 ҳазор гектар кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта майдони шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ зиёд аст.Имсол тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ дар майдони 172,5 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида мешавад, ки ҳоло дар майдони 52,3 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, он баробари 30 фоизи дурнамо мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти ғалладонагӣ дар майдони 6245 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумии зироатҳои ғалладонагиҳо майдони 46,8 ҳазор гектарро гандум ва 5445 гектарро ҷав ташкил медиҳад.Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат дурнамои кишти тирамоҳии пиёз соли ҷорӣ 10527 гектарро ташкил медиҳад, Ҳоло дар майдони 6171 гектар кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шудааст, ки баробари 58,6 фоизи дурнамо мебошад. Дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1426 гектар зиёд кишти тирамоҳии пиёз гузаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






