Дар Душанбе ҷинояткорӣ коҳиш ёфт
Bacterial-infections-info.com, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 15 ҳазору 183 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумлаи он 12 ҳазору 894 ҷинояткориро Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд, ки ин 84,9 фоизи шумораи умумии ҷинояткориҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ 2 ҳазору 289 ҳодисаҳои ҷинояткориро ба қайд гирифтаанд, ки ин 15,1 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил медиҳад.Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар миқёси ҷумҳурӣ афзоиши шумораи ҷинояткориҳо 3,9 фоиз, дар ВМКБ 1,2 фоиз, вилояти Хатлон 2,8 фоиз, вилояти Суғд 5 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21,3 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон теъдоди ҷинояткориҳои ба қайд гирифташуда дар шаҳри Душанбе баробари 5,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ҷиноятҳои вазнин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 10,8 фоиз афзуда, 3 ҳазору 487 ҷинояткориро ташкил дод. Дар ҳамин муддат 410 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ ба қайд гирифта шуд. Ҳаҷми умумии ифшои ҷинояткориҳо тайи 9 моҳи соли 2014 — ум 87, 3 фоизро ташкил дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






