Дар солгарди Конститутсияи Тоҷикистон як рӯз истироҳат дорем

Ноябрь 5, 2014 12:18

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 6 ноябр дар Тоҷикистон 20 – умин солгарди Рӯзи қабули ҳуҷҷати асосии қонунгузории кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ қайд карда мешавад. Ин рӯз дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат аст.Азбаски 6 ноябр ба рӯзи корӣ рост меояд, ин рӯз мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи дигар гузаронида намешавад. Бинобар ин, сокинони Тоҷикистон як рӯз, яъне 6 ноябр, истироҳат мекунанд. 7 ноябр рӯзи корӣ аст. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иборат аз 10 бобу 100 модда мебошад, 6 ноябри соли 1994 бо раъйдиҳии умумихалқӣ қабул шуда буд. Конститутсияи Тоҷикистон воҳидият, ҳокимияти қавии президентӣ, мақоми забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байнимиллӣ, мухторияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар назар дорад. Ислоҳот ба Конститутсия бо роҳи раъйдиҳӣ ворид карда мешавад. Соли 1999 ба Конститутсияи Тоҷикистон ислоҳот ворид намуда, ба ҷойи парлумони якпалата парлумони дупалата муқаррар гардида, соли 2003 мӯҳлати ваколатҳои президент дароз карда шуд. Шакли ҷумҳуриявии идора, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйир дода намешавад. Имрӯз 5 ноябр, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бахшида ба 20 — умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ботантана баргузор мешавад.

Ноябрь 5, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид