Дар Тоҷикистон иҷлосияи умумии ГАО доир мешавад
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мутобиқи Нақшаи фаъолияти Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромади ҷинояткорона ва бо маблағ таъмин намудани терроризм (ГАО) барои соли 2014 дар давраи аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ ва иҷлосияи 21 — умии ГАО баргузор мешавад.
Дар кори иҷлосияи умумии ГАО иштироки беш аз 200 ҳайати давлатҳои узви он аз ҷумлаи Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи зидди истифодаи фоидае, ки бо усули ҷинояткорӣ ва бо маблағ таъмин намудани терроризм ба даст меояд, ба зинаи баландтар баромадааст. Охири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни иҷлосияи умумии Гурӯҳи тарҳрезии тадбирҳои молиявӣ ҷиҳати мубориза бо пулшӯӣ дар шаҳри Париж дар бораи баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон қарор қабул шуд. Ин қарор мавқеи инвеститсионии Тоҷикистонро беҳтар намуда, барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ имконоти иловагӣ фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки алҳол 34 кишвар ва ду ташкилоти байналмилалӣ узви ин созмон ва 20 ташкилоту ду кишвар нозирони он мебошанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






