Дар Тоҷикистон иҷлосияи умумии ГАО доир мешавад

Ноябрь 7, 2014 13:55

Душанбе,  7  ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мутобиқи   Нақшаи  фаъолияти  Гурӯҳи  Авруосиё  оид ба  муқовимат  ба қонунигардонии даромади  ҷинояткорона  ва бо  маблағ  таъмин  намудани  терроризм  (ГАО)  барои  соли  2014  дар  давраи  аз  10  то 14  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе ҷаласаи  гурӯҳҳои  корӣ ва иҷлосияи  21 — умии  ГАО  баргузор  мешавад. 
Дар кори  иҷлосияи  умумии  ГАО  иштироки  беш  аз 200 ҳайати  давлатҳои  узви  он аз ҷумлаи  Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон,  Чин, Қирғизистон,  Русия, Тоҷикистон,  Туркманистон ва  Ӯзбекистон  дар  назар аст. 
Мувофиқи  маълумоти  Бонки  миллии  Тоҷикистон, Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  самти  муборизаи зидди истифодаи фоидае, ки  бо  усули  ҷинояткорӣ ва бо  маблағ  таъмин  намудани  терроризм  ба  даст меояд, ба зинаи  баландтар баромадааст. Охири  ҳафтаи  гузашта  дар  ҷараёни   иҷлосияи  умумии  Гурӯҳи тарҳрезии тадбирҳои  молиявӣ  ҷиҳати  мубориза бо  пулшӯӣ дар  шаҳри  Париж дар  бораи  баланд  бардоштани  мақоми  Тоҷикистон  қарор  қабул  шуд. Ин  қарор  мавқеи инвеститсионии Тоҷикистонро  беҳтар  намуда,  барои  рушди иҷтимоию  иқтисодии  ҷумҳурӣ имконоти  иловагӣ  фароҳам  меорад. 
Ёдовар  мешавем, ки  алҳол  34  кишвар  ва  ду ташкилоти  байналмилалӣ  узви ин  созмон  ва  20  ташкилоту  ду  кишвар  нозирони он  мебошанд.

Ноябрь 7, 2014 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид