Дар ВМКБ шумораи талоқ 4,5 фоиз кам шудааст

Ноябрь 26, 2014 10:32

Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ -сентябри соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 — 2,9 фоиз зиёд шуда, 66,5 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар моҳҳои январ- сентябри соли 2014 ба 1000 нафар аҳолӣ 10,8 ададро ташкил додаст.Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши бақайдгирии никоҳ дар моҳҳои январ сентябри соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гашта, дар ВМКБ бақайдгирии никоҳ дар ин давра 2,2 фоиз, дар вилояти Суғд-4,2 фоиз, дар вилояти Хатлон 1,1 фоиз, дар Душанбе -8,2 фоиз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,8 фоиз зиёд шудааст. Шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда дар моҳҳои январ — сентябри соли 2014 -6845 воҳидро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 — 18,7 фоиз (1077 талоқ) афзудааст. Афзоиши шумораи бақайдгирифташудаи талоқ дар ҳамаи минтақаҳо ба назар мерасад, ба ғайр аз ВМКБ дар вилояти Суғд 18,7 фоиз, дар вилояти Хатлон 12,2 фоиз, дар Душанбе 13,9 фоиз ва дар НТҶ 30,9 фоиз талоқ ба қайд гирифта шудааст. Дар ВМКБ шумораи талоқҳои бақайдгирифта 4,5 фоиз кам шуда, 64 воҳид талоқро ташкил дод. Шумораи талоқ ба 1000 никоҳи басташуда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2014 -103 талоқ рост омадааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 89 талоқ рост омада буд.

Ноябрь 26, 2014 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд