Дархости мусоидат ба раҳоии Г. Рофиева
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дорад ва Вазорати корҳои хориҷии ҶТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, ки Гулрухсор Рофиева дар асоси қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамеша дар тамос аст. Бо супориши вазорат Сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазияи мазкур вобаста шудааст. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ аз тариқи Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз Сафорати Русия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Гулрухсор Рофиева дархости мусоидат кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






