Дарёфти миқдори калони яроқу аслиҳа аз Ёс

Ноябрь 25, 2014 11:05

Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони вазорат, дар моҳи ноябри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард дар нишебии дарёчаи кӯҳии шохаҳои дараи Ромит аз зери решаи дарахти чанори куҳансол яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуногун, аз қабили 6 адад автомати «Калашников»-и тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3 адад таппончаи тамғаи «Макаров»-и қутраш 9 мм, 5 адад тирдон аз автомати тамғаи «Калашников», 2  адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ,  4 адад минаи зидди пиёдагард,  3 адад минаи зиддитанкӣ,  449 адад тири қутраш гуногун дарёфт ва мусодира шуд. 
Инчунин зимни  чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 19-уми ноябри соли 2014 дар ҳолати фурӯши яроқ Бекназаров Анваршо Сафарқулович, сардори шуъбачаи РТМТ ва Н ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир  шуд, ки аз ҷойи зисти ӯ  5 адад таппонча, 3 адад милтиқи гуногун, 634 адад тири гуногун, 6 адад тирдон, 1 адад найза-корд ва 1 адад дурбин  дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Н. Бекназаров ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд. 

Ноябрь 25, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик