Дарёфти миқдори калони яроқу аслиҳа аз Ёс
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони вазорат, дар моҳи ноябри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард дар нишебии дарёчаи кӯҳии шохаҳои дараи Ромит аз зери решаи дарахти чанори куҳансол яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуногун, аз қабили 6 адад автомати «Калашников»-и тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3 адад таппончаи тамғаи «Макаров»-и қутраш 9 мм, 5 адад тирдон аз автомати тамғаи «Калашников», 2 адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4 адад минаи зидди пиёдагард, 3 адад минаи зиддитанкӣ, 449 адад тири қутраш гуногун дарёфт ва мусодира шуд.
Инчунин зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ 19-уми ноябри соли 2014 дар ҳолати фурӯши яроқ Бекназаров Анваршо Сафарқулович, сардори шуъбачаи РТМТ ва Н ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуд, ки аз ҷойи зисти ӯ 5 адад таппонча, 3 адад милтиқи гуногун, 634 адад тири гуногун, 6 адад тирдон, 1 адад найза-корд ва 1 адад дурбин дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Н. Бекназаров ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






