Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як сатр поён шуд
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави дастаҳои мунтахаби Федератсияи байналмилалии ассосиатсияҳои футбол (ФИФА) аз ҷойи 134 — ум ба ҷойи 135 — ум гузашт.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби кишвар чун моҳи гузашта 214 хол дорад, ки ин баробари холҳои дастаи мунтахаби Озарбойҷон аст. Дастаи Мӯҳсин Муҳаммадиев дар байни собиқ кишварҳои ИҶШС мақоми дувоздаҳумро касб намуда, аз дастаҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон пеш гузаштааст. Дастаи мунтахаби Украина ҷойи 26 — ум, Русия ҷойи 31 — ум ва Ӯзбекистон ҷойи 74 — умро ишғол менамоянд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё нисбат ба моҳи октябр як сатр поён рафта, ҳоло ҷойи 19 — умро ишғол менамояд. Дар қитъаи Осиё дастаи мунтахаби Ҷопон ҷойи аввал, дастаи мунтахаби Эрон ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ ҷойи сеюмро касб намудаанд.
Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 дастаи мунтахаби Олмон бо 1725 хол пешсафи рейтинг аст.
Дастаҳои Аргентина (1538) ҷойи дуюм, Колумбия (1450) ҷойи сеюмро ишғол менамоянд. Дастаи мунтахаби Белгия дар ҷойи чорум, Нидерланд дар ҷойи панҷум, Бразилия дар ҷойи шашум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА соли 1993 ҷорӣ гардида буд, ки мувофиқи он шумораи холҳо аз рӯи натиҷаи дастаҳои миллӣ тайи чор сол ба ҳисоб гирифта мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






