Дастаи мустақили оташнишонӣ
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова ).- Дар бозори «Корвон» дастаи мустақили оташнишонӣ таъсис ёфт. Назар ба иттилои ВКД ҶТ Тоҷикистон, дар ин маросим вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ширкат дошт.
Вазир зимни суханрониаш дар ҳузури ҳайати шахсӣ зикр намуд, ки ба зиммаи хадамоти оташнишонӣ дар амри бехатарии ҳаёти шаҳрвандон ва талаф нашудани моликияти давлатию шахсӣ масъулияти бузург гузошта шудааст.
«Кормандони соҳаи мазкур бо назардошти ин бояд донишу малакаи касбии худро доимо баланд бардошта, ҳамзамон дар муборизаи зидди оташ якҷоя бо ҷузъу томи дигари мақомоти корҳои дохилӣ саҳм гузоранд», — гуфт вазири ВКД.
Дастаи оташнишонӣ, ки қад — қади роҳи мошингарди бозори «Корвон» ҷойгир аст, шароити сари вақт ҳозир шудан ба ҷойи ҳодисаро фароҳам меорад, қайд намуд намояндаи ВКД кишвар.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






