Дастгир гардидани нашъаҷаллоби афғон
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, дирӯз кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шӯрообод зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳия шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳабиб валади Абдураҳмон, соли таваллудаш 1992-ро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў 16 кг 850 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ин рӯз зимни як амалиёти махсуси дигар дар ҳудуди кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Рӯдакӣ Сайдалиев Аъзам Маҳмадович, соли таваллудаш 1986 дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз кисаи шими варзишии дастгиршуда ва дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш 65 адад ҳаб дарёфт гардид, ки ба маводи нашъадори экстезӣ мансуб буда, вазни умумиаш 19,8 граммро ташкил дод.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






