Дастгирии молиявӣ ба «Барқи Тоҷик» аз сӯи Ҳукумат

Ноябрь 26, 2014 15:48

 
          Душанбе, 26.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар асоси пешниҳоди Ҳукумати мамлакат  илова ворид намуданд. Тибқи он маблағи қарзи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи /ҶСК/«Сангтӯда -1» дар назди буҷети кишвар дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ҳисоб карда намешавад.
      Лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумон Ҷамолиддин Нуралиев -муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ шарҳ дода гуфт, ки маблағи қарзи ҶСК «Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо то ҳолати 1 ноябри соли 2014 -ум 25,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла фоизҳо 5,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Сабаби асосии пайдо шудани қарзи ҶСК «Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик», ки  харидори ягонаи барқи истеҳсолнамудаи ҶСК Сангтӯда-1»  дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба вуҷуд омадааст. Муовини  вазири молияи кишвар афзуд, ки то 1 ноябри соли 2014 қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда-1»  418, 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи  ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо то ҳолати 1 ноябри соли 2014  ба 185,6 миллион сомонӣ  расидааст. Зикр шуд, ки пурра пардохт нагардидани  ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби  ШСХК «Барқи Тоҷик» боиси паст гардидани пардохтпазирии ҶСК «Сангтӯда -1» гардидааст.
      Бино ба гузориши Ҷамолиддин Нуралиев ҳадафи таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии молиявии ҶСК «Сангтӯда  -1» буда, дар соли 2014 маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби таҳвили неруи барқ ба  ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омада, фоизоти тибқи моддаи 73 -и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ҳисоб карда намешаванд, зеро солҳои охир бо сабаби ноустувор будани вазъи молиявии  ШСХК «Барки Тоҷик»   ин ширкат уҳдадориҳояшро дар назди буҷет ва ҶСК «Сангтӯда-1» иҷро карда натавонистааст.  
 
 
 

Ноябрь 26, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад