Дастгирии ятимону маъюбон-кори хайр
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Хоар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев бо донишҷӯёни комилан ятим ва маъюбони гурӯҳи дуюми донишгоҳ вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, зимни мулоқот ректор гуфт, ки Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки пайваста ин табақаи ҷомеаро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намояд.
Бояд иброз дошт, ки аз ҳисоби Раёсати донишкада ба ин донишҷӯён хӯроки гарми доимии нисфирӯзӣ ташкил шуда, либосҳои гарми зимистона харида мешавад, илова намуд мавсуф.
Ашурбой Солиев донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар донишкада 15 нафар донишҷӯи комилан ятим ва 11 нафар маъюб ба тариқи буҷавӣ таҳсил дорад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






