Дастгирии ятимону маъюбон-кори хайр

Ноябрь 20, 2014 12:13

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Хоар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Ашурбой Солиев бо донишҷӯёни комилан ятим ва маъюбони гурӯҳи дуюми донишгоҳ вохӯрӣ анҷом дод.
 Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева        иттилоъ дод, зимни мулоқот ректор гуфт, ки Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки  пайваста ин табақаи ҷомеаро аз ҷиҳати моддию  маънавӣ дастгирӣ намояд.
Бояд иброз дошт, ки аз ҳисоби Раёсати донишкада ба ин донишҷӯён хӯроки гарми доимии нисфирӯзӣ ташкил шуда, либосҳои гарми зимистона харида мешавад, илова намуд мавсуф.
Ашурбой Солиев донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар донишкада 15 нафар донишҷӯи комилан ятим ва 11 нафар маъюб ба тариқи буҷавӣ таҳсил дорад.
 

Ноябрь 20, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид