“Дастрасӣ ба маблағгузориҳои сабз”- намоишгоҳ
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамзода). -Имрӯз дар “Кохи Борбад” маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи “Дастрасӣ ба маблағгузориҳои сабз” баргузор гардид.
Намоишгоҳро муовини вазири молияи кишвар Меҳринамоҳ Ҷонмамадова бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ намуд. Дар намоишгоҳ Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Клаус Герҳауссер-директори генералии Раёсати бахши Осиёи марказӣ ва ғарбии Бонки Осиёии рушд, Си Си Ю- намоянда аз Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, доктор Ёнг-Ҳюн Нам — директори гурӯҳи барномавии мубодилаи дониши Бонки содирот ва воридоти Корея, директори лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз Аҳлиддин Убайдуллоев, Самира Шарифхоҷаева- директори миллии манзил барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Дар намоишгоҳ маҳсулотҳои манзилӣ ва маишии мутобиқ ба муҳити зист ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Гуфта мешавад,ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи мазкур муайян намудани муштариёни алоқаманд ба истифодаи фурсати дарёфти қарзҳои хурд ва қарзҳо, пешбурди дастрасӣ ба неруи сабз, беҳбуди самаранокии неру дар Тоҷикистон мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






