Дидори намояндагони САҲА аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 17 ноябр намояндагони САҲА дар Тоҷикистон — роҳбари раёсати иқтисодию экологӣ Мартин Россман, роҳбари дафтари САҲА дар шаҳри Хуҷанд Келси Ҳаррис — Смит, корманди дафтари САҲА Назокат Ёқубова аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти МОИ «Суғд» хабар медиҳад, манзур аз ин боздид шиносоии Мартин Россман бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ҳамчунин дидор аз иншооти «Дӯсти Амирхон» буд.
Роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимов аз фаъолияти МОИ, шароити имтиёзноки тиҷорат ва ғайра нақл кард.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкории минбаъда, аз ҷумла ёрии САҲА барои ҷалби коршиносону ихтиёриён ба самтҳои зарурии фаъолияти маъмурият мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






