Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон
Душанбе, 22.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 21 ноябри соли 2014 дар доираи сафари расмии худ ба Исломобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом дод.Зимни суҳбат перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои амният, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ табодули назар сурат гирифт. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи қарордодҳое, ки зимни сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо инчунин вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






