Ду медали варзишгарони тоҷик
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябр варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои 1У Осиё дар Таиланд як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, гӯштигири маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 килограмм бар варзишгари Лубнон Пйерр Боу Абоуд, варзишгари Муғулистон Даваануам Алтангерел ва варзишгари Афғонистон Икромиддин Аҳмадӣ ғолиб омада, медали тилло ба даст овард.Намояндаи дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 килограмм ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 1У Осиё дар ҷазираи Пҳукети Таиланд варзишгарони 36 кишвари ин қитъа иштирок доранд. Барномаи бозиҳо, ки 23 ноябр анҷом меёбанд, иборат аз 28 намуди варзиш аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






