“Дурахши ахтар”-барномаи ҳунарӣ

Ноябрь 27, 2014 16:19

Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ “ Ховар “, Рафоати Абдулҳамид). — Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи “Дурахши ахтар” баргузор мегардад. Тавре ки роҳбари барномаи бадеӣ Нуралӣ Шоев хабар дод, соли оянда бо қарори Юнеско 100- солагии Зиёдулло Шаҳидӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.Бахшида ба 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ имрӯз дар театри мазкур бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, аҳли фарҳанги кишвар, донишҷӯён ва хонандагони макотиби мамлакат маҷлиси тантанавӣ ва консерт баргузор мегардад.Дар он ҳунармандони оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва ҳунармандони театри мазкур ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида мегардонанд.

Ноябрь 27, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд