Душанбе — Санкт – Петербург: Ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Рано Нусратуллозода).- Дар ҳошияи Рӯзҳои шаҳри Санкт – Петербург дар Душанбе дар Маҷмааи «Кохи Ваҳдат» мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот» баргузор гардид. Тавре ки аз Академияи таҳсилоти ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мизи мудаввар масоили ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот миёни шаҳрҳои Санкт – Петербург ва Душанбе баррасӣ шуданд.Вазири маориф ва илми ҶТ Саид Нуриддин Саид зимни суханрониаш ба масоили ҳамкории байни донишкадаҳои олии ҳар ду шаҳр дахл намуд. Иштирокдорони мизи мудаввар бо қоидаҳои ба даст овардани таҳсилоти хушсифат дар донишгоҳҳои Санкт – Петербург шинос шуданд. Сипас президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар бораи вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон ва масоилу дурнамои тадриси он дар муассисаҳои таҳсилотии ҶТ нақл кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






