Дуввумин мусобиқаи Ҷоми “Вастан” дар Душанбе
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми «Вастан” рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи мазкур дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 барои Ҷоми Бошгоҳи варзишии «Вастан” барпо мегардад. Ташкилкунандагони ин мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи дзюдои кишвар ва Бошгоҳи варзишии «Вастан”мебошанд.
Дар мусобиқа ба ҷуз паҳлавонони ҷавони тоҷик, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард. Ба мусобиқа инчунин доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон даъват шудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






