Дуввумин мусобиқаи Ҷоми “Вастан” дар Душанбе

Ноябрь 18, 2014 15:11

Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми «Вастан” рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи мазкур дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 барои Ҷоми Бошгоҳи варзишии «Вастан” барпо мегардад. Ташкилкунандагони ин мусобиқа  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи дзюдои кишвар ва Бошгоҳи варзишии «Вастан”мебошанд.
Дар мусобиқа ба ҷуз паҳлавонони ҷавони тоҷик, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард. Ба мусобиқа инчунин доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон даъват шудаанд.

Ноябрь 18, 2014 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд