Эҳтимолияти пастшавии қурби пули миллӣ дар соли оянда
Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Қурби асъори миллӣ -сомонӣ нисбат ба 1 $ амрикоӣ дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ум 5 ё 5, 1 сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ин матлабро имрӯз вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбонов зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар назди вакилони Парлумон иброз дошт.
Зимни муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур дар посух ба саволи вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, ки дар радифи дигар роҳбарони бахши иқтисодии кишвар дар Парлумон ҳузур дошт, гуфт, ки қурби пули миллӣ, яъне сомонӣ эҳтимол аст дар соли оянда поён равад ва ин эҳтимолият вуҷуд дорад, афзуд А. Ширинов.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон тамоюли пастшавии қурби асъори миллиро нисбат ба доллар ба ноустувории иқтисоди ҷаҳон ва иқтисоди кишварҳое, ки аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, хусусан Русия рабт дода, гуфт, ки дар зарфи ҳафтаи гузашта мо таъсири онро мушоҳида кардем.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки пастшавии қурби асъори миллӣ -сомонӣ агар ба сатҳи таваррум таъсир расонад, аммо аз рӯи ҳисобҳои пешакии мо ба буҷети кишвар таъсири манфӣ намерасонад, зеро дар ҳолати пастшавии қурби пули миллӣ даромадҳои иловагӣ ба буҷети кишвар, хусусан аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар назар аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






